ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
15
марти
2019

Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2018 таҳия гардиданд

Дар асоси таҳлили вазъи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешрафту дастовардҳо ва мушкилоту норасоиҳои самтҳои алоҳидаи ҳуқуқи инсон ва натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2018 таҳия гардиданд.

Тибқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳои мазкур ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Ҳамчунин маърӯзаҳо барои дигар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият менамоянд ва аҳли ҷомеа пешбинӣ шуда, дар матбуоти чопӣ ва электронӣ нашр карда мешавад.

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз пешгуфтор, ду қисм ва хотима иборат мебошад. Дар қисми якуми Маърӯза масъалаҳои таҳкими иқтидор, қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ ва санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, фаъолияти намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ таҳлилу баррасӣ гардида, оид ба ин самтҳои фаъолияти мақомот маълумоти муфассал пешниҳод карда шудааст.

Қисми дуюми Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон масъалаҳои ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳуқуқҳои шахс ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва ҳуқуқ ба муроҷиат, баробарии гендерӣ ва ҳуқуқ занон, ҳуқуқи маъюбон ва ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро дар бар гирифта, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи ҳуқуқҳои инсон вобаста ба ҳар як самти баррасигардида тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шудаанд.

pdfМаърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои соли 2018

 

 

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак низ аз ду қисм иборат буда, дар қисми аввали он маълумот дар бораи муроҷиатҳои баррасишуда, натиҷаи вохӯриҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва қабули шаҳрвандон, санҷиши вазъи риояи ҳуқуқи кӯдак дар муассисаҳои кӯдакона, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқҳои онҳо, ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дарҷ гардидааст.

Дар қисми дуюми Маърӯза вазъи ҳуқуқҳои кӯдак дар самтҳои алоҳида мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҷиҳати беҳтар намудани вазъ дар ин самтҳо тавсияҳои мушаххас пешниҳод шудаанд.

Итминони комил дорем, ки мақомоти дахлдори давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалӣ намудани тавсияҳое, ки дар маърӯзаҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод шудаанд, чораҳои заруриро меандешанд ва дар пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

pdfМаърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ барои соли 2018


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Сабабу омилҳои ба оворагардӣ машғул шудани наврасонро дар чӣ мебинед?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal