ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
19
ноябри
2019

Саммити миллии кӯдакон

19 ноябри соли 2019 бо иштироки Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Азим Иброҳим ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва кӯдакон саммити миллии кӯдакон баргузор шуд.

Дар чорабинии мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р.Ҳ. иштирок карданд.

Зимни баромади худ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим қайд карданд, ки кӯдакӣ айёми ҳассоси ҳаёти инсон буда, ғамхорӣ ва химояи онро аз ҷониби ҷомеа ва давлат тақозо менамояд. Дар таъмини ҳуқуқҳои кӯдак нақши Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак муҳим аст.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 26 соли аъзогӣ дар Конвенсияи мазкур дар самти мазкур ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар ин раванд таҳияи Барномаи ягонаи миллӣ барои кӯдакон то соли 2030, ки ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани татбирҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон бо Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия гардидааст, хеле муҳим ва таҷрибаи беназир аст, ки то ҳанӯз ягон давлати дуне чунин таҷрибаро надошт.

Баъдан аз ҷониби Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини лоиҳаи Барномаи мазкур муаррифӣ ва мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ҳамчунин дар ҳамоиш масъалаи вобаста ба маблағгузории Барномаи мазкур баррасӣ гардиданд.

Қобили зикр аст, ки кӯдакон дар муҳокимаи лоиҳаи Барнома иштироки фаъол доштанд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Сабабу омилҳои ба оворагардӣ машғул шудани наврасонро дар чӣ мебинед?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal