ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
21
ноябри
2019

30 соли Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак: Талошҳои мусбати Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи ҳукуқҳои кӯдакон

Ноябрь 20, 2019 15:10

ДУШАНБЕ, 20.11.2019. /АМИТ «Ховар»/.Соли ҷорӣ ҷаҳони мутамаддин 30-солагии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро ҷашн мегирад. Конвенсияи мазкур бо қарори 44/25 Ассамблеяи Генералии СММ  аз 20 ноябри соли 1989 қабул шуда, то имрӯз аксарияти кулли давлатҳои дунё онро ба тасвиб расонидаанд. Аҳамияти бузурги Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак он аст, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ҳамаҷониба ба танзим дароварда шуда, давлатҳои аъзо вазифадоранд, ки ҷиҳати иҷро намудани меъёрҳои муқаррарнамудаи он пайваста саъю талош варзанд. 

Талошҳои Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи ҳукуқҳои кӯдакон мусбат арзёбӣ гардид

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид дар ибтидои Истиқлолияти давлатии худ Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонида, тайи солҳои сипаришуда дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ин нуктаро сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳад Содиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт.

Ба гуфтаи мавсуф, оид ба ҷараёни иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва санадҳои иловагии он Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 3 маротиба ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак маърӯза пешниҳод намудааст. «Талошҳои пешбарандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Қайдҳои хотимавии Кумитаи мазкур вобаста ба Маърӯзаи муттаҳидаи сеюм-панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва протоколҳои иловагии он, ки моҳи сентябри соли 2017 дар Женева мавриди баррасӣ қарор гирифт, мусбат арзёбӣ шуданд»,- афзуд А. Содиқов дар идома.

Тавре сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳусни тафоҳум ва муколамаи бунёдкоронаи Тоҷикистонро пазироӣ намуда, муваффақиятҳои ҷумҳуриро, аз ҷумла дар пешбурди тадбирҳои қонунгузорӣ, институтсионалӣ ва сиёсӣ, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» (соли 2015) ва таъсис додани мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (2016) истиқбол намудааст.

содиков

Ҳамзамон Кумита ҷиҳати боз ҳам тақвият додан ва таҳким бахшидани амалисозии муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои дахлдор пешниҳод намудааст. Ҷиҳати иҷрои тавсияҳои мазкур моҳи апрели соли 2018 Нақшаи миллии амалҳо барои солҳои 2018-2022 тасдиқ ва роҳандозӣ карда шуд.

 Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда шуда, дар вазорату идораҳои дахлдор сохторҳои алоҳида оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шудаанд. Инчунин дар ин самт Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак ва комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста фаъолият мекунанд.

Чаноби оли

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон ва махсусан дастрасии онҳо ба таҳсил аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад, зеро маърифатнокӣ омили асосии амалисозии дигар ҳуқуқҳои инсон мебошад. Тибқи муқаррароти моддаи 28 Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, давлатҳои аъзо бояд таҳсилоти ибтидоии ройгон ва ҳатмиро таъмин намоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти умумии асосии ройгон ва ҳатмӣ ҷорӣ шудааст.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ сол аз сол нуфузи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати баланд афзоиш меёбад ва чунин ҳолат аз Ҳукумати ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати навсозӣ ва бунёди муассисаҳои нави таълимӣ пайваста тадбир андешад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарки амиқи масъалаи мазкур ҷиҳати беҳтар намудани заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва тибқи меъёрҳои муқарраргардида таъмин намудани хонандагон бо ҷойҳои нишаст пайваста фаъолият мекунад. Аз ҷумла, қабули Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020, Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018- 2020 ва дигар санадҳои дахлдори соҳавӣ барои амалисозии ҳадафҳои дар боло зикршуда равона шудааст.

Ба иттилои Аҳад Содиқов, яке аз тавсияҳое, ки аз ҷониби Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак пешниҳод шуда буд, андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, касбияти омӯзгорон ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ бо таваҷҷуҳи махсус ба манотиқи деҳот ва дурдаст, инчунин ҷиҳати тақвият додани низоми таҳсилоти томактабӣ ва таъмини дастрасӣ ба он, аз ҷумла барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоат буда, роҳҳои амалисозии он дар Нақшаи миллии амалҳо барои солҳои 2018-2022 инъикоси худро ёфтаанд.

Чаноби оли 1

Соли 2018  дар саросари ҷумҳурӣ 25-солагии ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак бо доир намудани барномаҳои илмиву оммавӣ ва маърифативу фароғатӣ ҷашн гирифта шуд.

Соли ҷорӣ дар доираи таҷлили 30-солагии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак доир намудани чорабиниҳои ҷашнӣ идома дорад. Дар ин раванд яке аз чорабиниҳои сатҳи баланд Форуми байналмилалии «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон» мебошад, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ шудааст.

Ҳуқуқи дастрасӣ ба таҳсил дар Стратегияи фаъолияти Ваколатдор 

Ҳуқуқи дастрасӣ ба таҳсил дар Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 яке аз самтҳои афзалиятнок муайян шудааст. Дар Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 низ бо мақсади ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдакони маъюб ба таҳсилоти босифат дар муҳити фарогир ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак муқаррар шудааст.

Фаъолияти пайвастаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд ба роҳ монда шудааст ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил ҳамчун самти афзалиятноки стратегӣ минбаъд низ кӯшиш менамоянд, ки дар доираи амалисозии Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузориши муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагии он барои солҳои 2018-2022 аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.

Чаноби оли 2

Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади тақвият додани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, се сол аст, ки пайваста фаъолият менамояд.

Файзалӣ НИЁЗ,
бознашр аз АМИТ «Ховар» 20.11.19


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Сабабу омилҳои ба оворагардӣ машғул шудани наврасонро дар чӣ мебинед?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal