ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
21
ноябри
2019

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак - Ҳабибуллозода Р. дар Форуми байналмилалии “Душанбе – шаҳри имконияти рушди кӯдакон”

Нақши Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак

дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯдакон беҳтарин неъмат, боигарии ҳар як инсон ва умуман ҷомеа аст. Кӯдакӣ давраи ҳассоси ҳаёти инсон буда, ғамхорӣ ва ҳимояи онро аз ҷониби давлат ва ҷомеа тақозо менамояд.

Бо дарки он масъулияте, ки давлат ва ҷомеа дар назди насли наврас доранд ва ба хотири таъмини шароит барои ҳаёти арзандаи онҳо, 30 сол муқаддам, 20 ноябри соли 1989 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак қабул гардид. Қабули санади мазкур ба саъю талошҳои қариб 70 солаи ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати эътирофи кӯдак ҳамчун шахсияти комилҳуқуқ ва зарурати бо дарназардошти хусусиятҳои хос ва осебпазирии кӯдакон мавриди ҳимоя ва ғамхории махсус қарор дода шудани онҳо нуқта гузошт.

Санади мазкур ҳуқуқҳои кӯдаконро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда муқаррар намуда, уҳдадориҳои волидайн, дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ва давлатро дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон пешбинӣ намуд.

Конвенсия ҳуқуқҳои кӯдакро ба ҳаёт, ном ва шаҳрвандӣ, тарбия дар оила, ҳимоя аз зӯроварӣ, озодии ибрози ақида ва озодии виҷдон, истироҳату фароғат, таҳсил ва саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, озод будан аз истисмори иқтисодӣ ва дигар шаклҳои истисмор кафолат додааст. Моддаҳои алоҳидаи он ба таъмини ҳуқуқҳои кӯдакони бепарастор, фарзандхондшуда, кӯдакони муҳоҷир, дорои маъюбият, бо қонун дар мухолифатбуда ва кӯдакони мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ бахшида шуданд.

Мақсад ва ғояи асосии Конвенсия аз он иборат аст, ки дар тамоми иқдомоте, ки нисбати кӯдакон андешида мешаванд, таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа пеш аз ҳама бояд ба таъмини манфиати беҳтарини кӯдак дода шавад.  

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар шароити барои кишвар хеле вазнини ҷанги шаҳрвандӣ, дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил яке аз аввалинҳо шуда, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонид ва исбот намуд, ки Тоҷикистон нисбати тақдири кӯдакон бетараф нест ва омода аст барои онҳо шароити арзандаи ҳаётро таъмин намояд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд: “Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад”. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакон, таъмини шароит барои эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ гаштааст.

Аз замони ба тасвиб расонидани Конвенсия аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол сипарӣ гашт ва дар ин муддат ҳаёти кӯдакон ба куллӣ тағйир ёфт. Бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат ва ба шарофати сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа Тоҷикистон дар самти ҳуқуқҳои кӯдак ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Дар кишвар барои амалӣ гардонидани ҳуқуқҳое, ки Конвенсия кафолат медиҳад, тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ ва дигар чораҳо андешида мешаванд.

Заминаи ҳуқуқии риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар асоси принсипҳои бунёдии Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ташкил шуда, бо назардошти онҳо пайваста такмил меёбад.

Дар ҷумҳурӣ механизми зарурии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ташкил карда шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” салоҳияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 вгусти соли 2016 №348 ба сифати он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, ваколатҳои комиссияҳои оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро муқаррар намудааст. Қонуни мазкур инчунин иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва дар ин ҷода дастгирии онҳоро аз ҷониби давлат пешбинӣ менамояд.

Дигар вазорату идораҳо низ вобаста ба самти фаъолияташон ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак мусоидат менамоянд.

Дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак нақши мақоми нави махсусгардонидашуда – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муҳим аст. Фаъолияти ин ниҳод дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба танзим дароварда шуда, тавассути ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки муайян, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи ӯ, гузаронидани санҷишу мониторингҳои муассисаҳои кӯдакона, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо, пешниҳоди тавсияҳо оид ба беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон амалӣ карда мешавад.

Дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳо зиёда аз 30 ҳуҷҷатҳои стратегӣ амалӣ карда мегарданд, ки бевосита ё бавосита ба амалишавии ҳуқуқҳои кӯдак мусоидат менамоянд.

Мутобиқи Конвенсия ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил яке аз ҳуқуқҳои муҳими кӯдак буда, ба инкишофи шахсият, истеъдод, қобилияти фикрӣ ва ҷисмонии ӯ равона гардида, ӯро ба ҳаёти оянда омода месозад. Аз ин рӯ, ислоҳоти низоми маориф ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон эътироф гардида, таъмини баробарӣ ва дастрасӣ ба таҳсил, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар тамоми зинаҳои он, баланд бардоштани устувории молиявӣ ва самаранокии он самтҳои афзалиятноки он ба шумор меравад.

Тадбирҳои дар ин самт андешидашаванда боиси ҳамасола зиёд шудани фарогирии кӯдакон бо таҳсил (98%), аз ҷумла таҳсили духтарон дар зинаи сеюми таҳсилот, таҳсили кӯдакони маъюбиятдошта ва ҳалли мушкилоти дигари дар ин самт ҷойдошта гардиданд. Бобати бо таҳсили томактабӣ фаро гирифтани теъдоди бештари кӯдакон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқи кӯдак ба саломатӣ ва дастрасӣ ба хадамоти соҳаи тандурустӣ ислоҳоти низоми миллии тандурустиро ба сифати самти афзалиятнок муқаррар намуда, саломатии модару кӯдакро ҳамчун омили калидии он эътироф кардааст.

Навсозии заминаи қонунгузории соҳаи тандурустӣ, амалигардонии стратегияҳои дахлдор дар самти солимгардонӣ ва офиятбахшӣ боиси пешгирӣ ва паст кардани сатҳи бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон, коҳиш ёфтани сатҳи фавти кӯдакон гашт. Агар ба рақамҳо рӯ оварем, пас нишондиҳандаҳои фавти кўдакони то 5-сола аз сатҳи 108 ба 1000 таваллуди зинда дар соли 1990 то ба 33 адад дар соли 2017 коҳиш ёфтанд. Дар ҳамин давра сатҳи фавти модарон аз 107 ба ҳазор таваллуди зинда то ба 24.1 фаромад.

Ҳуқуқи кӯдак барои тарбия дар оила аз ҳуқуқҳои муҳими кӯдак буда, ташаккули мукаммали ҷисмонӣ, равонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдакро таъмин менамояд. Дар робита бо ин Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак инкишофи комили шахсияти кӯдакро тавассути тарбияи ӯ дар иҳотаи оила, дар муҳити меҳру муҳаббат имконпазир мешуморад. Бо дарназардошти ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя намуда, модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсус қарор медиҳад.

Аз ин рӯ, дар ҷумҳурӣ ба масъалаи тарбияи кӯдак дар оила диққати зарурӣ дода шуда, тадбирҳои дахлдор бобати баланд бардоштани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи кӯдакон, рушди низоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ ҷиҳати пешгирии ба муассисаҳои будубоши доимӣ фиристонидани кӯдакон ва дар робита бо ин рушди шаклҳои алтернативии тарбия дар оила, ба монанди фарзандхонӣ, васояту парасторӣ ва дигарҳо андешида мешаванд.

Бо эътирофи эҳтиёҷоти махсуси кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб давлат онҳоро мавриди ғамхории худ қарор дода, ҳуқуқҳои кӯдакони ятиму бепарастор ба ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, таҳсил, ҳифзи саломатӣ аз ҷониби давлат кафолат дода мешаванд. Дар раванди тадбирҳо оид ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдакони маъюбиятдошта ба имзо расонидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон хеле муҳим аст. Айни ҳол ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба тасвиб расонидани Конвенсия корҳои мушаххас ба анҷом расонида мешаванд.

Ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконе, ки қонунро вайрон намудаанд ва кӯдакони ҷабрдидаи ҷиноят тавассути амалӣ гардонидани ислоҳот дар низоми адолати судӣ нисбати ноболиғон таъмин мешавад. Такмили қонунгузорӣ вобаста ба муқаррар намудани кафолатҳои мурофиавӣ, амалӣ гардонидани Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати ноболиғон барои солҳои 2017-2021, таҳияи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда аз ҷумлаи ин тадбирҳоянд.

Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак муқаррар намудааст, ки кӯдак бояд аз истисмори иқтисодӣ, аз иҷрои ҳар коре, ки ба саломатии ӯ, ба инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ, маънавӣ ва ахлоқии ӯ зарар мерасонад ё садди роҳи таҳсилоти ӯ мегардад, ҳимоя шавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 35) ҳуқуқи мазкурро кафолат дода, муқаррар намудааст, ки дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифода бурдани меҳнати кӯдакон манъ аст. Ҳуқуқи мазкур тавассути муайян намудани ҳадди ақали синну соли ба кор қабул кардани кӯдакон, вақти кӯтоҳи корӣ, баъди муоинаи ҳатмии тиббӣ ба кор қабул кардани ноболиғ, пешбинӣ намудани ҷазои муносиб барои вайрон кардани талаботи қонун дар ин самт кафолат дода мешавад.

Амалӣ гардонидани Барномаи миллӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ва нақшаи амали он, тасдиқи рӯйхати корҳое, ки истифода намудани меҳнати кормандони ба синни 18 сола нарасидаро дар он манъ мекунад, боиси солҳои охир беҳтар гардидани вазъ дар самти мазкур гардид. Натиҷаи тадқиқотҳои вобаста ба меҳнати кӯдакон гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки фарогирии кӯдакон бо меҳнат ба маротибҳо кам шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои уҳдадориҳои худ тибқи Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак пайваста ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак маърӯзаҳои миллӣ пешниҳод менамояд. Моҳи сентябри соли 2017 маърӯзаи навбатии даврии сеюм-панҷуми ҷумҳурӣ тибқи Конвенсия ва маърӯзаҳои аввал вобаста ба Протоколҳои иловагии Конвенсия баррасӣ гардиданд. Дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқи кӯдак аз ҷониби Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак хуб арзёбӣ гаштанд. Барои татбиқи тавсияҳои Кумита се нақшаи миллии амалҳо тасдиқ ва амалӣ гардонида мешаванд.

Имрӯз масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи кӯдак дар робита бо амалигардонии Ҳадафҳои рушди устувор (17 Ҳадаф) баррасӣ мегарданд. Зеро бе рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ҳуқуқҳои кӯдак наметавонанд самаранок амалӣ шаванд ва кӯдакон низ дар баробари ин метавонанд ҳамроҳ бо калонсолон дар бунёди ҷомеаи осоишта ва пешрафта саҳмгузор бошанд.

Аз ин рӯ, бо мақсади амалишавии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030, расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор барои кӯдакон лоиҳаи Барномаи ягонаи давлатии “Рушду нумуъ – 2030” таҳия гардида, дирӯз дар Саммити миллии кӯдакон муаррифӣ гардид. Таҳияи чунин як барномаи маҷмӯӣ ва фарогири тамоми ҳуқуқҳои кӯдакон дар ҷаҳон таҷрибаи беназир аст. То ҳанӯз ягон давлати дунё чунин барномаи маҷмӯӣ надорад ва он бечунучаро ба беҳтар намудани ҳаёти кӯдакон тавассути таъмини кафолатҳои иҷтимоию ҳуқуқии амалишавии ҳуқуқ ва манфиатҳои беҳтарини кӯдак мусоидат менамояд.

Дар воқеъ кӯдакон маънои зиндагӣ, боигарии мо, бахту саодати ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ҳаёти арзандаро сазоворанд. Ва вазифаи мо аз он иборат аст, ки чунин муҳитро барои онҳо муҳайё созем, барои ба ҳаёти оянда омода шудани онҳоба кӯдакон кӯмак намоем.

Мутаассифона дар ҷомеа ҳар гуна мушкилоти иҷтимоии замони муосир (нобаробарии иҷтимоӣ, камбизоатӣ, ояндабин набудани калонсолон ҳангоми ҳалли масъалаҳои оилавӣ, зӯроварӣ) дар навбатии аввал метавонанд таъсири манфии худро ба кӯдак расонанд. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин мушкилот ва ҷиҳати беҳтар намудани вазъи ҳуқуқи кӯдак тақвияти ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ҳамоҳанг сохтани фаъолият дар ин самт  хеле муҳим аст.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Сабабу омилҳои ба оворагардӣ машғул шудани наврасонро дар чӣ мебинед?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal