ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
21
ноябри
2019

Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Форуми байналмилалии «Душанбе — шаҳри имконоти рушди кӯдакон»

20 -21 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Душанбе — шаҳри имконоти рушди кӯдакон» бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон баргузор гардид.


Дар кори Форум Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Азим Иброҳим, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони вазорату идораҳо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, раисон ва котибони комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳо ва ҳамчунин кӯдакон иштирок намуданд.

 5 1

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Форуми мазкур иштирок ва бо маърӯза дар мавзӯи “Накши Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар рушди кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад карданд.
Зимни баромади худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар даврони соҳибистиқлолӣ Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонида, дар давоми 26 соли аъзогӣ дар он ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ҷумҳурӣ заминаи зарурии ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ташкил карда шуда, он пайваста такмил меёбад.
Барои ҳалли масъалаи вобаста ба кӯдак ва ҳуқуқи ӯ механизми мукаммали ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ташкил карда шудааст, аз ҷумла Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак, комиссияҳои маҳаллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигарҳо.
Дастовардҳо дар самти ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил, саломатӣ, истироҳату фароғат, иштирок дар ҳалли масъалаҳои ба кӯдак дахлдошта ва дигар самтҳо хеле назаррасанд. Дар қатори дастовардҳо дар ин самт таҳияи лоиҳаи Барномаи ягона оид ба ҳуқуқи кӯдак барои то соли 2030 ҳамчун таҷрибаи беназир дар ҷаҳон зикр карда шуд.
Баъд аз ҷамбасти қисмати ифтитоҳӣ дар гуруҳҳо мавзӯҳои маориф ва дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ислоҳоти қонунгузорӣ ва ҳуқуқи қӯдак ба иштирок баррасӣ гардиданд. Аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба мавзӯҳои баррасишуда тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар кори Форуми байналмилалии «Душанбе — шаҳри имконоти рушди кӯдакон» наврасон иштироки фаъолона доштанд.

 

 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Сабабу омилҳои ба оворагардӣ машғул шудани наврасонро дар чӣ мебинед?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal