ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Сентябр 2020
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
31 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 1 2 3 4

girl boy3

12
майи
2020

Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ омили пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ

Охирҳои моҳи декабри соли 2019 табибон дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии мардумии Хитой як бемории шадиди роҳи нафасро ба қайд гирифтанд, ки тавассути вируси номаълум ба вуҷуд омад  ва  бо суръат  дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ)  вируси навро "COVID-19" ном дод ва аз олимон ва мутахассисон даъват кард, то давои ин вирусро ҳарчи зудтар пайдо кунанд.
 
Мутаасифона 30 апрели 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаҳои тасдиқшудаи бемории сироятии COVID-19 аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар расман ба қайд гирифта шуд ва шумораи сироятшудагон ҳамарӯза афзоиш ёфта истодааст. 
  Ҳифзи саломатии аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасон дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Бинобар ин,  аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Вобаста ба паҳншавии бемории сироятии COVID-19 Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 қарор қабул кард, ки хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуда, идомаи таҳсил аз рӯзи 17-уми августи соли 2020 оғоз карда шавад. Дар муассисаҳои томактабӣ бошад то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ  дар ҷумҳурӣ  дар  мувофиқа  бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 таътил тамдид карда шуд, ки албатта ин яке аз роҳхои пешгирии сироят наёфтан ба ҳисоб меравад.
дети против вируса
Тибқи тавсияи мутахассисон риояи қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиенӣ  омили пешгирикунандаи  паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ мебошад. Ба кӯдакон лозим аст барои худ ва дигаронро аз сироят ҳифз намудан қоидаҳои беҳдошти зеринро риоя намоянд:
 
дети проофф
 
- кӯшиш намоед дар хона шинед ва бе зарурат ба кӯча набароед;
 
- пеш аз хона баромадан, либоси остиндароз пӯшед ва аз ниқоби тиббӣ истифода намоед;
 
-ҳангоми истифодаи ниқоб бояд дилпур бошед, ки ниқоб даҳон ва биниро пӯшондааст;
 
-бо дигарон бо даст салом накунед ва зимни суҳбат масофаро нигоҳ доред;
 
-аз ҷойҳои ҷамъиятии серодам худдорӣ намоед;
 
-дастҳоро зуд-зуд бо собун шӯед;
 
-аз шахсоне, ки нишонаҳои  шамолхӯрӣ  ва зуком доранд ба андозаи 1-1,5 метр фосила гиред;
 
-бо дастони ношӯста ба даҳон, бинӣ ва чашм даст нарасонед;
 
-пеш аз хӯрок,  пас аз истеъмоли хӯрок, пас аз баргаштан аз кӯча ва баъди баромадан аз ҳоҷатхона дастонро бо собун на камтар аз 20-30 сония шӯед;
 
-бо ҳайвонҳои хонагӣ бозӣ накунед ва ба онҳо даст нарасонед;
 
-бештар мева ва сабзавот  истеъмол намоед;
 
-низоми хоб ва фаъолнокии ҷисмониро риоя намоед;
 
-ҳангоми сулфа ва атса задан даҳон ва бинии худро бо рӯймолча ё оринҷро қатъ карда пӯшонед;
 
-ҳангоми дар худ ҳис кардани нишонаҳои беморӣ дар ҳол ба волидайн хабар расонед.
 вирус 11
Падару модарон уҳдадоранд риояи  қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиении фарзандонро назорат намояд то худ ва фарзандонро аз сироятшавӣ эмин доранд, зеро табиби ҳар як шахс худи шахс ба ҳисоб меравад.
Кӯдакон дар вақти таътил бояд дар хона монда ба мутолиаи китобҳо машғул бошанд. Дарсҳои мактабиро аз рӯи дафтару китобҳояшон такрор кунанд ва ҷараёни ин ҳама машғулиятҳо бояд аз тарафи волидайн назорат карда шавад.
 
                                                                                              Мутахассиси пешбари  Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Машрабзода А.                                                   
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Кӯдаконро аз чӣ бояд ҳифз кард?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal