ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
7
сентябри
2020

 
Истиқлолият роҳи ягонаи таъминкунандаи пешравии тамоми самтҳои фаъолияти ҳар як давлату миллат ба шумор меравад ва он ба осонӣ ба ҳар давлат муясар намегардад. Мо — тоҷикон, яке аз он халқҳои хушбахт ва сарбаланде ҳастем, ки давлати миллии худро дорем.

23
июни
2020

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ПОЯИ СУЛҲ
 
Вожаи ваҳдат мазмуни васеъ дошта, бо истиқлолият ва озодӣ ҳамбастагӣ дорад. Вақте ки ваҳдат мегӯем, пеши назарамон  якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва иттиҳод падид меоянд. Вале ин иттиҳоду ҳамбастагӣ ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагаштааст. 
Баъди пароканда гардидани ҳокимияти шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, зеро ҳодисаҳои нангин, ба мисли тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоншиниҳо оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд.

12
июни
2020

 
Кӯдакон як қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, ки нисбати худ таваҷҷӯҳи хос, инчунин кӯмаку дастгириро аз ҷониби давлат ва ҷомеа талаб менамоянд. 
Яке аз мушкилоте, ки имрӯз кӯдакон дар саросари дунё ба он дучор шудаанд ин ҷалби онҳо ба меҳнати маҷбурӣ мебошад, ки ҳам барои худи кӯдакон ва ҳам барои тамоми ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

8
июни
2020

 
Ҳамасола дар ҷаҳон 1-уми июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” низ 1-уми июнро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муқаррар намудааст.

5
июни
2020

Мусаллам аст, ки дар замони муосир таҳкурсии асосии иқтидори ҳар як давлатро сатҳи илму маориф ва дар асоси он пешрафти технологияҳои замонавӣ муайян мекунанд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарбияи насли навраси бо замона ҳамқадам пайваста талош меварзад.
Дар ин раванд, хоса иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути паёмҳои ҳамасола пешниҳод мешаванд, ба пешбурди соҳаи илму маориф дар ҷумҳурӣ такони тоза мебахшанд.

Назарпурсӣ

Тарбияи кӯдаки ятим дар куҷо беҳтар аст:

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal