ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Август 2019
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

girl boy3

RSS-канал

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сомонаи расмӣ
  1. Тибқи даъвати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 июли соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Равандҳои муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии илм ва таҷриба” иштирок намуданд.

  2. Имрӯз дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявии «Ховар» нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи якуми соли 2019 баргузор гардид.

  3. Рӯзи 18 июли соли 2019 соати 1100 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар», нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи якуми соли 2019 баргузор мегардад.

  4. Санаи 2 июли соли 2019 муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода Роҳбар – Гузоришгари Гурӯҳи корӣ оид ба нопадидшавии иҷборӣ ва беихтиёрӣ ҷаноби Бернард Дуҳайм ва ҳайати ҳамроҳонашро қабул ва мулоқот намуд.

  5. Рӯзҳои 24-25 июни соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Машваратҳои сеюми минтақавии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р.Ҳ., муовини сардори шуъбаи ташкилӣ, таҳлилӣ ва иттилоотӣ – Бобохонов С. ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиев А. иштирок намуданд.

  6. Барномаи таълимДар доираи амалисозии банди 11 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои марҳилаи сеюми (солҳои 2019-2020) Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 рӯзҳои 17-22 июни соли 2019 аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш барои омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон”-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ семинарҳои омӯзишии дурӯза гузаронида шуданд.

  7. Бо чунин унвон рӯзи 12 июн соли ҷорӣ бо иштироки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак» мизи мудаввар баргузор гардид.

  8. ДУШАНБЕ, 01.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Ҷумҳурии Точикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» таҷлил гардида, бахшида ба ин сана дар саросари мамлакат маҳфилҳои зиёди илмиву фарҳангӣ, барномаҳои консертӣ ва намоишномаҳо, чорабиниҳои варзишӣ доир мегарданд.

  9. Рӯзи 30 майи соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ҳабибулозода дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон – 1 июн ба Гимназияи хусусии Тоҷикистон ташриф оварда, бо муҳассилини ин боргоҳи таълимӣ вохӯрӣ анҷом дод.

  10. Дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак рӯзи 1 июни соли 2019 кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак Нидоев Ҳусниддин ва муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Низомов Абдуҳалим ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ташриф овард.

Назарпурсӣ

Сабабу омилҳои ба оворагардӣ машғул шудани наврасонро дар чӣ мебинед?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal